Ru  | Tj
Президент Назарбоев ва Тоқаевро ба рӯзи Истиқлоли Қазоқистон табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент Назарбоев ва Тоқаевро ба рӯзи Истиқлоли Қазоқистон табрик гуфт
Акс: Sputnik

Президент Назарбоев ва Тоқаевро ба рӯзи Истиқлоли Қазоқистон табрик гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ рӯзи истиқлоли Қазоқистонро ба Нурсултон Назарбоев ва раисиҷумҳури ин кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев таҳният гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дирӯз дар тамосҳои телефонӣ рӯзи истиқлоли Қазоқистонро ба ҳамтои қазоқи худ ва ҳам нахустин раисиҷумҳури ин кишвар табрик гуфт.

Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқи худ гуфт, ки Қазоқистон тайи солҳои истиқлол дар самти давлатсозӣ, рушди пойдори иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши нуфузу эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Вай бо изҳори қаноатмандӣ таъкид дошт, ки дӯстӣ ва муносиботи ҳамаҷонибаи Душанбе ва Нур-Султон дар сатҳи шарикии стратегӣ имрӯзҳо мунтазам рушд меёбанд.

Сарвари давлат дар суҳбат бо Назарбоев аз хидматҳои ӯ барои давлату миллаташ ситоиш кард ва зикр намуд, ки дастовардҳои Қазоқистон дар масири тақвияти истиқлол ба номи Назарбоев ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи ӯ марбут аст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қазоқистон соли 2015 Созишнома дар бораи шарикии стратегиро имзо карда буданд.

То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 100 тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ба иттилои мақомоти расмӣ, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Душанбе ва Нур-Султон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 640 миллион доллар баробар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед