Ru  | Tj
«ProdExpo-2022» . Дар Маскав ба сифати машруботи Тоҷикистон баҳои баланд доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«ProdExpo-2022» . Дар Маскав ба сифати машруботи Тоҷикистон баҳои баланд доданд
Акс: Интернет

«ProdExpo-2022» . Дар Маскав ба сифати машруботи Тоҷикистон баҳои баланд доданд

Нашр шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд, маҳсулоти ширкати «Машруботи Суғд»​ дар намоишгоҳи «ProdExpo-2022»​ дар шаҳри Москва баҳои баланд гирифтаву соҳиби ду медал гардид. 

Гуфта мешавад, дар ин намоишгоҳ корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат кардаву тавлидоти худро ба намоиш гузоштаанд. 

Бояд гуфт, ки  намоишгоҳи «ProdExpo-2022»  ки бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ дониста мешавад, аз 7 то 11-уми феврал дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардидааст.

Ширкатҳои истеҳсолкунандаи машруботи Тоҷикистон ҳамасола дар ин фестивал ширкат менамоянд.

Соли 2020 нӯшокиҳои газдори "Лимонад №1" ва "Хаватаг №1 Докторская"-и  ширкати "Евро Азия-2005"-и Тоҷикистон  дар  озмуни "Маҳсулоти беҳтарин", ки дар  доираи намоишгоҳи "ProdExpo-2020"  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тилло гардида буданд. 


Хадамоти матбуоти Президент гуфт, ки тар Суғд чанд сар асп парвариш карда мешавад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед