Ru  | Tj
Русия соли 2023 ба Қазоқистон ва Қирғизистон беш аз 5 млрд квт/соат барқ содир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия соли 2023 ба Қазоқистон ва Қирғизистон беш аз 5 млрд квт/соат барқ содир кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия соли 2023 ба Қазоқистон ва Қирғизистон беш аз 5 млрд квт/соат барқ содир кард

Нашр шуд

Интиқоли неруи барқ аз Русия ба Қазоқистон дар як соли гузашта 2,6 маротиба афзоиш ёфт. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар соли 2023 Қазоқистон аз Русия 4,99 милярд киловатт-соат нерӯи барқ ворид кардааст.

Ин ҳаҷми неруи барқ нисбат ба соли гузашта 3,06 милярд киловатт-соат ё худ 158,5 дарсад зиёд аст.

Қазоқистон ба далели қоидаҳои нави тиҷорӣ миёни ин кишварҳо ба харидории неруи барқи Русия бо нархи гаронтар шуруъ кард.

Дар нимаи дувуми соли 2023 нархи неруи барқи воридотӣ аз Русия тақрибан сеяк афзоиш ёфта, ба 5 рубл (0,054 долар) барои як киловатт-соат расид.

Гуфта мешавад, ки дар як соли охир масрафи барқ дар Қазоқистон 2 дарсад — аз 112,9 милярд ба 115 милярд киловатт-соат афзуд. Дар баробари ин тавлидоти дохилии неруи барқ дар дохили ин кишвар тақрибан 112,8 милярд киловатт-соат аст.

Норасоии неруи барқро Қазоқистон аз ҳисоби воридоти 3,4 милярд киловатт-соат неруи барқ аз кишварҳои ҳамсоя ҷуброн мекунад.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки соли гузашта Русия ба Қирғизистон низ ба миқдори 300 милён кв/соат барқ содир кард.

"LogiStan" қаблан навишта буд, ки то охири соли 2023 касри неруи барқ дар Қирғизистон ба 3,4 милярд киловатт-соат расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед