Ru  | Tj
Сафири Эрон: Душанбеву Теҳрон бояд дар шароити кунунӣ ҳамкориҳояшонро тақвият бахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Эрон: Душанбеву Теҳрон бояд дар шароити кунунӣ ҳамкориҳояшонро тақвият бахшанд
Акс: Интернет

Сафири Эрон: Душанбеву Теҳрон бояд дар шароити кунунӣ ҳамкориҳояшонро тақвият бахшанд

Нашр шуд

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки шароити кунунии таҳаввулоти ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон бо ҳамдиливу ҳамнавоӣ  ҷиҳати тавсеаи равобити дуҷониба талош намоянд. 

Муҳаммадтақии Собирӣ, дар як мақолаи худ, ки онро имрӯз хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” нашр кард, ба масоили зарурати тавсеаи равобити Душанбеву Теҳрон таъкид намудааст. 

Собирӣ гуфтааст, ки даврони таҳаввулоти ҷаҳониву минтақавӣ  тақозо менамояд, ки Тоҷикистону Эрон бояд беш аз гузашта дар канори ҳамдигар буда ва бо ҳамдиливу ҳамнавоӣ барои густариши равобити дуҷониба талош варзанд. 

Вай таъкид дошта, ки ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи наздику дилбастагӣ надорад ва иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ  ва забонии миллатҳои ду кишвар аст. 

Ин дипломати эронӣ зикр намуда, ки дар сиёсати хориҷии Эрон Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст ва  Президенти Эрон ҳам ба ҳамин манзур нахустин сафари хориҷии худро дар соли гузашта ба Душанбе анҷом додааст. 

Собирӣ афзуда, ки беҳуда нест Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз равобити ду кишвар чун “равобити хешовандӣ” ёд намудаву Президенти Тоҷикистон барои тавсифи пайвандҳои ду кишвар таъбири “гӯшту нохун”- ро истифода кардааст. 

Вай ҳамчун намояндаи миллати Эрон ва давлати ин кишвар эълон намудааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.

Имсол аз барқароршавии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эрон 30 сол пур шуд. Коршиносон сафари Саид Иброҳим Раисӣ, Президенти тозаинтихоби Эрон ба Душанбе дар моҳи сентябри соли гузаштаро, ки нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси Сарвари давлат ба шумор мерафт, такони ҷиддие дар густариши равобити Тоҷикистону Эрон унвон карданд.

Солҳои қабл Эрону Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ чанд лоиҳаи муваффақеро амалӣ намуда буданд, ки аз ин шумор метавон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби “Истиқлол”-ро ном бурд. 

Давоми сӣ соли ҳамкорӣ миёни Душанбеву Теҳрон беш аз 170 санади муҳмими ҳамкорӣ  ба имзо расидааст.



Тоҷикистон дар 30 сол беш аз 24 ҳазор мутахассиси низомии баландихтисос омода кардааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед