Ru  | Tj
Сарвари давлат дар Душанбе ба фаъолияти корхонаи бузурги тавлиди ҳасиб оғоз бахшид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари давлат дар Душанбе ба фаъолияти корхонаи бузурги тавлиди ҳасиб оғоз бахшид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат дар Душанбе ба фаъолияти корхонаи бузурги тавлиди ҳасиб оғоз бахшид

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе корхонаи тавлиди маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо бо номи "Акома" ба баҳрабардорӣ расид.

Корхонаи "Акома" аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунëд гардидаву зарфияти тавлидии он дар як баст ҳудуди панҷ тонна маҳсулоти гӯштӣ мебошад, - хабар додааст Хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ин корхона имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад,  корхонаи нав дорои техникаву таҷҳизоти муосир буда, зиёда аз 80 намуди ҳасибҳои гуногунлаззат, аз ҷумла 20 намуд ҳасиби пухташуда, 25 навъи дудкардашуда, 2 намуд ҳасиби бо буғ пухташуда (ветчина), 15 номгӯй деликатес, инчунин ҳасибчаҳои борик, 5 намуд сарделка ва 20 навъ ҳасибҳои хурди аз қимаи гӯшт тайёршуда истеҳсол мекунад.

Манбаъ меафзояд, роҳбарияти корхонаи "Акома" барои таҳияи лаззатҳои нав ва махсуси маҳсулот аз ширкатҳои маъруфи олмонӣ ва австриягӣ мутахассис-технологҳоро даъват намудаанд ва коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла растаниҳои шифобахши диёр 50 навъи нави маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ кардаанд.
Ин корхона пурра бо тарҳи олмонӣ бунёд шуда, онро Бюрои конструкторӣ-лоиҳакашии Магдебурги Олмон вобаста ба талаботу стандартҳои аврупоӣ тарҳрезӣ намудааст.

Зикр шудааст, ки ҳамчунин дар ин коргоҳ бо усули қадимии аҷдодӣ маҳсулоти гӯштӣ истеҳол мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо як навъи деликатес истеҳсол мегардад, ки таъм ва лаззати он нотакрору ба талаботи бозори истеъмолӣ мутобиқ карда шудааст.

Ифтитоҳи корхонаи бузурги тавлиди маҳсулоти гӯштӣ дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти расмӣ дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи ҳасиббарорӣ фаъолият менамоянд.

Дар 8 моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 тонна зиёд аст.

Имрӯз дар пойтахти кишвар Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин як маҷмааи муосири варзишию фароғатиро ифтитоҳ намуданд.



7 миллиард тонна. Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон афзоиш ëфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед