Ru  | Tj
Сарвари Тоҷикистон хостори густариши равобити нақлиётӣ миёни кишварҳои узви СҲИ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари Тоҷикистон хостори густариши равобити нақлиётӣ миёни кишварҳои узви СҲИ шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари Тоҷикистон хостори густариши равобити нақлиётӣ миёни кишварҳои узви СҲИ шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ хостори густариши равобити нақлиётӣ миёни давлатҳои узви ин созмон шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Ашқобод гуфт, ки таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад.

Дар иртибот ба ин масъала Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тавсеаи шабакаи даҳлезҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзои ин созмон аҳаммияти хоса дорад.

Вай баён дошт, ки Тоҷикистон ҳамлу нақли санҷишии молҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ аз тариқи даҳлези “Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон”-ро, ки соли гузашта сурат гирифт, қадами ҷиддӣ барои тақвияти иқтидори транзитии минтақаи СҲИ унвон мекунад. 

Раҳмон ҳамчунин аз сатҳи нокофии тиҷорати байниҳамдигарӣ дар доираи ин созмон ҳарф зад ва гуфт, ки тиҷорати байниҳамдигарӣ ҳамагӣ ба ҳашт фоиз аз ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии аъзои он баробар будааст. 

Сарвари Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар чорчӯбаи Созмон барои бартарафсозии маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии дар робита ба  ҳамагирии коронавирус ҷоригардида иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.

28-уми ноябр дар Ашқобод нишасти роҳбарони кишварҳои узви СҲИ баргузор гардид ва дар ин нишаст раёсати давраии ин созмон аз Туркманистон ба Ӯзбекистон гузашт. 

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, соли 1992 ҳафт кишвари дигар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба он пайвастанд. 

Эмомалӣ Раҳмон шоми  27-уми ноябр ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ ба Ашқобод рафта буд.   

Изҳори ҳавасмандии мақоми баландпояи СММ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед