Ru  | Tj
Сарвазири кишвар дар Хатлон чанд мактабу иншооти дигарро ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвазири кишвар дар Хатлон чанд мактабу иншооти дигарро ифтитоҳ кард
Акс: Интернет

Сарвазири кишвар дар Хатлон чанд мактабу иншооти дигарро ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани чандин иншооти тозабунëди таъйиноти гуногун иштирок намуд.

Ба иттилои хабаргузории расмии "Ховар", дирӯз Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои муассисаи таълимии №18-ро бо 14 синфхона ва барои 480 нафар хонанда ифтитоҳ намудаанд. Гуфта мешавад, ин таълимгоҳ бо харҷи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунëд гардидааст.

Дар идомаи ин сафар дар деҳаи Танобчии Темурмалик Сарвазир ва Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи як кӯдакистон ва бунгоҳи тиббӣ иширок кардаанд.

Манбаъ меафзояд кӯдакистон ва бунгоҳи тиббии деҳаи Танобчӣ аз ҷониби соҳибкорон Бахтиëр Абдуллоев ва Раҳмоналӣ Олимов сохта шудаанд.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин, дар ноҳияи Восеъ бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт шинос гардидааст ва як майдончаи варзиширо боз намудааст.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят ҳамчунин ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 иштирок кардаанд. Гуфта мешавад, ин муассиса бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ барои 480 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст.

Дар ин ноҳия инчунин Қоҳир Расулзода аз раванди ҷамъоварии ҳосили зироат дар хоҷагии деҳқонии «Одина Рашид» дидан намуда, як маркази хизматрасонӣ ва савдо ва коргоҳи истеҳсоли консерваро бо иқтидори аз 16000 то 20000 қуттии шартӣ дар як моҳ ифтитоҳ кардааст.

Сафари Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Хатлон идома дорад ва гуфта мешавад, имрӯз Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Данғара, шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кӯшониёну Хуросон дидан мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи таҷлил аз Истиқлоли давлатӣ Сарвазири Тоҷикистон барои ифтитоҳи иншооти тозабунëди таъйиноти гуногун ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунад.

«Ориён Инвест» дар ноҳияи Қубодиëн корхонаи семент месозад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед