Ru  | Tj
«Ориён Инвест» дар ноҳияи Қубодиëн корхонаи семент месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Ориён Инвест» дар ноҳияи Қубодиëн корхонаи семент месозад
Акс: АМИТ "Ховар"

«Ориён Инвест» дар ноҳияи Қубодиëн корхонаи семент месозад

Нашр шуд

Ҳабдаҳумин корхонаи тавлиди сементи Тоҷикистон дар ноҳияи  Қубодиëни вилояти Хатлон бунëд мегардад.

Ба иттилои хабаргузории расмии  "Ховар" дар ин бобат Ҳукумати кишвар чанде қабл бо ширкати «Ориён Инвест»  созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонидааст.

Манбаъ дар бораи зарфият ва замони бунëди ин корхона тавзеҳ надодааст, аммо ин корхона 17-мин корхонаи тавлиди семент дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки айни замон Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди солонаи беш аз 5,6 миллион тонна семент аз бузургтарин тавлидкунандагони ин навъи маҳсулот дар минтақа мебошад.

Бар пояи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шуда, ҳудуди 1,5 миллион тоннаи он ба кишварҳои ҳамсоя содирот гардидааст.

Қаблан Кумитаи омори Узбекистон иттилоъ дода буд, ки дар 7 моҳи соли 2022 ин кишвар аз Тоҷикистон 533 ҳазор тонна семент харидааст.

Ширкати истеҳсолӣ-сармоягузории «Ориён Инвест»-ро аз  ширкатҳои тобеи ҶСК «Ориёнбонк» ном мебаранд, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. 


Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед