Ru  | Tj
Сергей Шойгу - Вазири мудофиаи Русия ба Душанбе омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сергей Шойгу - Вазири мудофиаи Русия ба Душанбе омад
Акс: Интернет

Сергей Шойгу - Вазири мудофиаи Русия ба Душанбе омад

Нашр шуд

Вазири мудофиаи Русия рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз, 27 –уми апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок хоҳад кард.

Ба гуфти дафтари матбуоти Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.

Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.

Ғайр аз ин, дар Душанбе баргузории вохӯрии дуҷонибаи Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчнуин Президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.


Мулоқоти сарвазирони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Хуҷанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед