Ru  | Tj
“Шаҳри ҳушманд" дар Тоҷикистон İT-парк бунёд мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Шаҳри ҳушманд" дар Тоҷикистон  İT-парк  бунёд мекунад
Акс: ASIA-Plus

“Шаҳри ҳушманд" дар Тоҷикистон İT-парк бунёд мекунад

Нашр шуд

Мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо КВД "Шаҳри ҳушманд" нақша дорад, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ парки технологияҳои иттилоотиро бунёд кунад.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, сохтмони иншооти мазкур ҷиҳати рушд додани соҳаи İT дар кишвар роҳандозӣ шуда, имкон фароҳам меорад, ки дар ҷумҳурӣ маҳсулоти рақобатпазири соҳаи технологӣ истеҳсол гардад.

Ба таъкиди манбаъ, Душанбе қасд дорад, ки барорбари истеҳсоли İT-парк маҳсулоти технологии истеҳсолшудаи кишварро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба савдо барорад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи  İT-парк гузаронидани тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинарҳо бо ҷалби ширкатҳо ва мутахассисони пешрафта барои баланд бардоштани савияи дониши технологии ҷавонон пешбинӣ гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд" 7-уми майи соли 2019 таъсис ёфта буд. 


Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозорҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед