Ru  | Tj
Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозорҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозорҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтаанд
Акс: Sputnik

Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозорҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтаанд

Нашр шуд

Ба  иттилои Палатаи савдо ва саноат, Ҷамшед Ҷумъахонзода, роҳбари ин ниҳод дар ин бобат имрӯз дар нишасти хабарие дар Душанбе сухан кард. 

Ҷумъахонзода гуфт, ки бори нахуст маҳсулоти хушкмеваи ширкати «Зардолу ва К» ва сангҳои ороишии ширкати «Асрори Санг» ба бозорҳои Аморот роҳ ёфтаву харидор пайдо кардаанд. 

Вай афзуд, ки айни замон дар даҳ кишвари ҷаҳон намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил шудааст, ки ба рушди равобити иқтисодиву тиҷоратӣ талош менамоянд. 

Ин мақомдори тоҷик  ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ахири ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубай баҳои баланд додаву гуфт, ки маҳз ҳамин намоишгоҳ роҳи ширкатҳои ватаниро ба бозорҳои Аморот боз кардааст. 

Қаблан Halva.tj  хабар дода буд, ки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020», ки давоми шаш моҳ дар Дубай баргузор мешавад, ширкат менамояд.  Ин намоишгоҳ то 1-уми апрели имсол идома меёбад. 

Палатаи савдо ва саноат ҳамчунин гуфта буд, ки беш аз 300 ҳазор нафар аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ дидан кардаанд. 


Соли гузашта қариб 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед