Ru  | Tj
Шартномаи бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шартномаи бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Шартномаи бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Нашр шуд

Дар доираи ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари дигар созишномаҳои мақомотҳо, инчунин миёни Амонатбонки Тоҷикистон ва бонки миллии фаъолияти хориҷии Ӯзбекистон созишнома оиди қарздиҳи бо шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкноти ба шаҳрвандоне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба имзо расонданд.

Созишномаро раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов ба имзо расонидаанд, хабар дод АМИТ "Ховар".

Дар баробари ин дар рафти ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки аз 28 то 30 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, созишномаҳо дар соҳаи энергетика, иқтисол, молия, саноат, нақлиёт, илму фарҳанг ва ғайра бастанд. Ва ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки аз 1 октябр  сарҳадҳо бо риояи ҳамаи чораҳои пешбинишуда бар зидди коронавирус кушода шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед