Ru  | Tj
Шавкат Мирзиёев дар арафаи иди Фитр 426 нафарро афв кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шавкат Мирзиёев дар арафаи иди Фитр 426 нафарро афв кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Шавкат Мирзиёев дар арафаи иди Фитр 426 нафарро афв кард

Нашр шуд

Раисҷумҳури Узбeкистон дар арафаи иди Рамазон фармони афви 426 нафарро имзо кард. Аз ин шумор 135 нафар аз адои ҷазои асосӣ ва 200 нафар аз адои ҷазои шартӣ озод шудаанд. Дар миёни афвшудагон 11 шаҳрванди хориҷӣ ва 3 ноболиғ низ ҳастанд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 8-уми апрел дар арафаи иди Рамазон фармон дар бораи авф кардани як гурӯҳ ашхосеро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, имзо кард.

Тибқи ин фармони Мирзиёев, 426 нафар афв карда шуданд, ки аз ин шумора 135 нафар аз адои ҷазои асосӣ пурра озод шуданд, 200 нафар шартан аз адои ҷазо раҳо шуданд ва ҷазои 26 нафар бо ҷазои сабуктар иваз карда шуд.

Ҳамчунин муҳлати ҷазои 65 нафар маҳбус кам карда шуд.

Дар миёни афвшудагон 11 нафар шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, 50 нафар зан, 13 нафар марди аз 60-сола боло, 157 нафари то 30-сола (аз ҷумла 3 нафар ноболиғ) ва ҳамчунин 5 нафар собиқ аъзои созмонҳои мамнуъ ҳастанд.

Раисҷумҳури Узбекистон ҷиҳати ба оила ва наздиконашон баргардонидани афвшудагон, мусоидат кардан дар мутобиқ шудани иҷтимоъӣ, ба кор ҷалб кардани онҳо, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷомеъа мавқеъи сазовор пайдо кардани онҳо дастур дод.

Хотиррасон мекунем, ки бори охирин раисҷумҳури Узбекистон моҳи декабри соли гузашта ба муносибати Рӯзи Қонуни асосӣ 334 маҳбусро афв карда буд. Дар миёни афвшудагон 18 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 23 нафар зан ва 88 нафар аъзои собиқи созмонҳои мамнуъ қарор доштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед