Ru  | Tj
Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро ба таъсиси корхонаҳои муштарак даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро ба таъсиси корхонаҳои муштарак даъват кард
Акс: ASIA-Plus

Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро ба таъсиси корхонаҳои муштарак даъват кард

Нашр шуд

Шералӣ Кабир ба намояндагони Маҷористон аз захираҳои ғании маъданҳои кӯҳӣ ва навъҳои гуногуни рустаниҳои доруии Тоҷикистон гуфту онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Ба иттилои Вазорати саноат, Шералӣ Кабир, роҳбари ин ниҳод бо Петер Сиййаро, Вазири равобити иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон ва ҳайати намояндагони ин кишвар мулоқот кард.

Вазири тоҷик дар ин дидор бо ишора ба захоири зиёди ашёи хом, бахусус захираи маъданҳои кӯҳӣ ва ҳазорон намуд растании шифобахш хостори ҷазби бештари сармоягузорони маҷорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак шуд.

Манбаъ мегӯяд, Петер Сиййаро ба манзури тақвияти ҳамкориҳо аз ҷумла гуфт, ки Маҷористон метавонад барои истеҳсоли аккумуляторҳои барқӣ аз Тоҷикистон ашёи хом харидорӣ кунад.

Моҳи апрели имсол дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Петер Сиййаро ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Маҷористон баргузор шуда буд. Дар ҳамоиши мазкур беш аз 50 нафар, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ ва сармоягузорон иштирок намуда буданд.

Департаменти давлатии ИМА: Тоҷикистон ҷоӣ хатарнок вале умедбахш барои сармоягузорон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед