Ru  | Tj
Шикасти чаҳорум. Мунтахаби Қазоқистон дар “Остона – Арена” бар Тоҷикистон пирӯз гашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шикасти чаҳорум. Мунтахаби Қазоқистон дар “Остона – Арена” бар Тоҷикистон пирӯз гашт
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Шикасти чаҳорум. Мунтахаби Қазоқистон дар “Остона – Арена” бар Тоҷикистон пирӯз гашт

Нашр шуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона аз мунтахаби Қазоқистон мағлуб шуд.

Ба иттилои Федератсияи футбол, шоми дирӯз дар варзишгоҳи "Остона-Арена" - и шаҳри Нурсултон мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд. 

Тӯби ягонаро дар ин бозӣ Бахтиёр Зайнуддинов  вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард. 

Мураббии муваққати мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев қабл аз ин бозӣ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки бозигарони тими миллӣ беш аз шаш моҳ ҷамъ наомадаву бо ҳам тамрини муштарак накарда буданд ва ин боис гардида, ки сатҳи омодагии онҳо гуногун аст. 

Ин дар ҳолест, ки дар радабандии нави ФИФА Тоҷикистон миёни 210 кишвари ҷаҳон бо суди 4-пиллаӣ дар зинаи 114 қарор гирифта буд.  

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сӣ соли гузашта байни ҳамдигар ҳамагӣ чаҳор бозӣ анҷом додаанд ва дар ин бозиҳо се бор Қазоқистон пирӯз гаштаву як бор ҳисоби бозӣ мусовӣ будааст. 

Толибон ба Панҷшер ҳамла карда ва шикаст хӯрданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед