Ru  | Tj
Ширкати чинӣ дар ҳудуди ВМКБ роҳ ва пул месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати чинӣ дар ҳудуди ВМКБ роҳ ва пул месозад
Акс: tajsohtmon.tj

Ширкати чинӣ дар ҳудуди ВМКБ роҳ ва пул месозад

Нашр шуд

Миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва як ширкати чинӣ дар заминаи сохтмони ду пул ва роҳҳои мошингард дар қаламрави ВМКБ қарордоди ҳамкорӣ имзо шуд.

Бар асоси иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бо ҳадафи беҳтар кардани зерсохтҳои нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон 27-уми март миёни ин вазорат ва ширкати чинии «China Road and Bridge Corporation» қарордоди ҳамкорӣ имзо шуд.

Қарордоди мазкур дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои иртиботи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» барои сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр пешбинӣ шудааст. Инчунин дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бошад роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) сохта мешавад.

Ба навиштаи ин манбаъ, зимни имзои қарордоди мазкур вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур бояд техникаҳои муосири пурқудрат истифода шуда, мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб карда шаванд.

Гуфта мешавад, ки арзиши умумии ин лоиҳа 31 миллиону 283 ҳазор доллар буда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози корҳо муқаррар гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ВМКБ бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон идома дорад. Дарозии ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомонӣ аст. Тибқи лоиҳа дар ин роҳи мошингард 15 пули мошингузар, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 601 метр ва 2 нақби автомобилӣ бунёд мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед