Ru  | Tj
Шоҳи Малайзия аз сатҳи олии муносибатҳои феълӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоҳи Малайзия аз сатҳи олии муносибатҳои феълӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд
Акс: Интернет

Шоҳи Малайзия аз сатҳи олии муносибатҳои феълӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия ҳамдигар ва шаҳрвандони кишварҳояшонро табрик намуданд.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, рӯзи 12-уми марти соли 2022 байни Президенти Тоҷикистон ва Шоҳи Малайзия мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифтааст.

Шоҳи Малайзия, аз ҷумла изҳори боварӣ кардааст, ки робитаҳо ба манфиати ду кишвар ва мардумони он минбаъд ҳам таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.

Ӯ дар барқияи табрикотии худ қайд намудааст, ки Малайзия сатҳи кунунии олии муносибатҳои миёни ду кишварро қадр мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба унвони шоҳи Малайзия Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ таъкид доштааст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва рушди робитаҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар, Тоҷикистон омода аст, ки ба муколамаи мунтазами сиёсӣ бо Малайзия,  аз ҷумла дар сатҳи олӣ, идома бидиҳад.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар мактуби худ изҳори умедворӣ намудааст, ки тавсеаи бомароми ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ва иқдомҳои муштарак дар оянда самараи хуб хоҳанд дод.

Дар фарҷоми паёми табрикотӣ ҳар ду ҷониб ба ҳамдигар сиҳатмандӣ ва пешрафту субот ба кишварҳояшон таманно намудаанд.

Қобили қайд аст, ки моҳи апрели соли 2021 ширкати малайзиягии "Serba Dinamik Holding Berhad" тасмим гирифта буд, ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ бунёд кунад.


Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд мулоқот карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед