Ru  | Tj
Систамаи муштараки дифои зиддиҳавоии Русияву Тоҷикистон таъсис меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Систамаи муштараки дифои зиддиҳавоии Русияву Тоҷикистон таъсис меёбад
Акс: Интернет

Систамаи муштараки дифои зиддиҳавоии Русияву Тоҷикистон таъсис меёбад

Нашр шуд

Ҳукумати Русия созишномаро дар бораи таъсис додани системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистон тасдиқ кард.

Бино ба иттилои "ТАСС", лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба таъсис додани системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ моҳи апрели соли ҷорӣ роҳандозӣ гардид.

Ба иловаи манбаъ, созишномаи миёни Тоҷикистону Русия имзошуда аз ҷониби Девони вазирони Русия эътироф шудааст. Дар матни қарор омадааст, ки "Созишнома байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи созмон додани системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ ва Президенти Федератсияи Русия пешниҳод карда шавад".

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи созишнома бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 27-уми апрели соли 2021, дар шаҳри Душанбе Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои руси худ  Сергей Шойгу – вазири мудофиаи Русия музокирот анҷом дода, аз таъсис додани чунин як системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ хабар дода буд.


Нерӯҳои низомии ОМҲ бори нахуст дар тамринҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт" дар Тоҷикистон иштирок мекунанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед