Ru  | Tj
СММ: Селобҳо дар Афғонистон ба 1500 хонавода зарар расонид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ: Селобҳо дар Афғонистон ба 1500 хонавода зарар расонид
Акс: аз манбаъҳои боз

СММ: Селобҳо дар Афғонистон ба 1500 хонавода зарар расонид

Нашр шуд

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки обхезӣ дар Афғонистон аз 10-ум то 16-уми апрел ба 1590 хонавода осеб расонидааст.

Ин ниҳод 18-уми апрел гузорише нашр кард ва гуфт, ки 47 хонавода низ бар асари ин обхезиҳо овора шудаанд.

Тибқи гузориши ин дафтари СММ, бар асари обхезиҳо дар Афғонистон 35 кас кушта ва 47 тани дигар захмӣ шудаанд.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки бар асари сел дар вилояти Урузгон 12 кас ҳалок шуданд, ки  бештарин талафот миёни дигар вилоятҳои Афғонистон аст.

Бар асоси омори ин созмон, дар натиҷаи селобҳо панҷ кас дар Ҳилманд, чаҳор кас дар Бодғис, чаҳор кас дар Қандаҳор, ду кас дар Лағмон, ду кас дар Парвон, се кас дар Кобул ва як кас дар Нангарҳор кушта шудаанд.

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки обхезӣ 198 хонаро тахриб ва 738 хонаи дигарро қисман хароб кардааст.

Тибқи гузориши ниҳоди мазкур дар натиҷаи селобҳо дар Афғонистон ҳамчунин 63,7 ҳазор ҷариб замини кишоварзӣ хароб шуда, 470 сар чорво талаф шудааст.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки ҳафтаҳои оянда дар минтақаҳои марказӣ, ҷанубӣ, ҷанубу шарқӣ ва ғарбии Афғонистон мавҷи нави боришот дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол Толибон шумори кушташудагон дар пайи селобҳо дар ин кишварро 70 кас ва шумори захмиёнро 56 кас эълон кардаанд.

Толибон ҳамчунин гуфтанд, ки 2 ҳазору 500 хона дар Афғонистон бар асари сел пурра ё қисман тахриб шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед