Ru  | Tj
Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 156 км роҳи мошингард сохта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 156 км роҳи мошингард сохта мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 156 км роҳи мошингард сохта мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон айни замон бо ҳазинаи беш аз 1 млрд доллар тарҳҳо дар соҳаи нақлиёт амалӣ мегарданд.

Тавассути Вазорати нақлиёти Тоҷикистон алҳол 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар дар ин кишвар татбиқ мешавад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вай гуфт, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаҳои таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Обигарм-Нуробод 46 км, Қизилқалъа –Бохтар 9,2 км, таҷдиди роҳи Ҳулбук -Темурмалик-Кангурт 58,9 км ва Данғара –Лолазор 28,9 км амалӣ мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, ки сохтмони марҳилаи дуюми нақби «Истиқлол» ва қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон 93 км тибқи нақша идома доранд.

Дар идома зикр мешавад, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тибқи нақша, бояд 5 лоиҳа ба маблағи 436 миллион доллар, аз ҷумла 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 156 км роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва дохилӣ ба истифода дода шаванд.

Дар ин миён роҳи Роғун - Обигарм – Нуробод 76 км, Бохтар - Леваканд – Лолазор – Данғара 69 км, аз шоҳроҳ то шаҳри Роғун 11 км ва марҳилаи дуюми нақби «Истиқлол» қарор дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед