Ru  | Tj
Созишнома оид ба ташкили системаи муштараки дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия тасдиқ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Созишнома оид ба ташкили системаи муштараки дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия тасдиқ гардид
Акс: Интернет

Созишнома оид ба ташкили системаи муштараки дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия тасдиқ гардид

Нашр шуд

Система муттаҳидаи минтақавии зиддиҳавоӣ  бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳалли мушкилот дар минтақа ташкил карда мешавад.

Чӣ тавре, ки "ТАСС" хабар медиҳад, мувофиқ ба санади имзошуда ҷониби Тоҷикистон ва Русия як системаи муштараки дифои ҳавоии минтақавиеро ташкил медиҳанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ маҳсуб меёбад.

Ба таъкиди манбаъ, дар созишнома гуфта шудааст, ки ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки нерӯҳои низомии минтақавии дифоъи ҳавоӣ ва нерӯҳои дигар системаҳои дифои ҳавоии минтақавӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Нерӯҳои ҳавоӣ ва кайҳонии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия  амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, дар санади созишнома қайд гардидааст, ки тартиби мавҷудаи маблағгузорӣ ва таъмини нерӯҳои мусаллаҳи ҷонибҳо дар чаҳорчӯби системаи муштараки дифоъи зиддиҳавоӣ бетағйир мемонад.

Зикр мегардад, ки шартнома ба мӯҳлати то 5 сол баста мешавад ва дар оянда эътибори он ба таври автоматикӣ ба мӯҳлати панҷ соли минбаъда тамдид меёбад.

Масъалаи таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии зиддиҳавоии Тоҷикистон ва Федератсия Русия 27-уми апрели соли 2021, ҳангоми ташрифи вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу ба Тоҷикистон, баррасӣ гардида буд.

Рӯзи 8-уми декабри соли 2021 дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ  гуфта шуд, ки созишномаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқи худро ёфтааст.


Русия 400 муҳоҷирро ба мӯҳлати 40 сол аз кишвар берун кашид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед