Ru  | Tj
Стартапи Тоҷикистон дар 12 кишвари ҷаҳон истифода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Стартапи Тоҷикистон дар 12 кишвари ҷаҳон истифода мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Стартапи Тоҷикистон дар 12 кишвари ҷаҳон истифода мешавад

Нашр шуд

Дар Давҳаи Қатар дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуд.

Рӯзи 2 октябр ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқизода Завқӣ Амин дар  ҳамоиши тиҷоратии Муколамаи Ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат», ки дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода зимни суханронӣ таъкид кард, ки рақамисозии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи хосаи раҳбарияти кишвар дорад.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Дар ин замина Завқизода ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси zypl.ai – аввалин стартап дар Тоҷикистон ва фаъолияти бомуваффақияти он дар 12 бозори ҷаҳон, оғози фаъолияти Академияи зеҳни сунъӣ аз рӯи барномаи Донишгоҳи Стэнфорд ва ҷорӣ намудани ихтисоси зеҳни сунъӣ дар 7 муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар ишора кард.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзуд, ки бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад. Вай дар  идома гуфт, ки татбиқи зеҳни сунъӣ метавонад то соли 2030 ММД-и ҷаҳонро 14 дарсад ё тақрибан 16 триллион доллар афзоиш диҳад.

Дар ҷамъбасти суханронӣ Завқизода бо мақсади татбиқи самараноки ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар ин кишвар пешниҳодҳои мушаххас манзур намуда, ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорӣ барои амалигардонии лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ даъват ба амал овард.
 
Қайд бояд кард, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагони кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё ва ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва коршиносон дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ иштирок доштанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед