Ru  | Tj
Таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон ва гуфтушунид доир ба он

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон ва гуфтушунид доир ба он
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон

Таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон ва гуфтушунид доир ба он

Нашр шуд

28-уми апрел муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия барои таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон гуфтушуниди фосилавӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ин гуфтушунид ҷонибҳо доир ба интиқоли ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон маслиҳат намуда, ба натиҷа расиданд, ки баъди бақайдгирӣ ваксинаи мазкур ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Бояд гуфт, гуфтушуниди мазкур дар асоси изҳороти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон ба роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия ва натиҷаҳои ба даст омадаи вохӯрии вазирони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки чанде қабл дар шаҳри Москва доир гардид, сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин гуфтушуниди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия мебошад, ки дар он масъалаи бақайдгирӣ ва таҳвили ваксинаи «Спутник V» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шудю.

Навбат барои ваксинаи Cоvid-19

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед