Ru  | Tj
Тақвияти ҳамкории вилоятҳои Суғд ва Рязан

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкории вилоятҳои Суғд ва Рязан
Акс: аз манбаъҳои боз

Тақвияти ҳамкории вилоятҳои Суғд ва Рязан

Нашр шуд

Ҳамкориҳои вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Рязани Федератсияи Русия тақвият бахшида мешавад. Ин нукта дар мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, таъкид шуд.

Ҳайати расмии вилояти Рязани Русия бо роҳбарии муовини раиси ин вилоят, Юля Швакова ахиран ба вилояти Суғд сафар кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия беш аз пеш густариш ёфта, дар ин замина вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия муносиботи ҳасана дошта, мубодилаи молу маҳсулот сол аз сол афзоиш меёбанд.

Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд фазои муносиби сармоягузорӣ фароҳам буда, имрӯзҳо даҳҳо корхонаҳои муштарак фаъолият дошта, дар доираи Солҳои рушди саноат дар ин вилоят ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳамзамон ҷалби сармоя таваҷҷӯҳи хосса равона шудааст.

Раиси вилояти Суғд таваҷҷӯҳи намояндагони вилояти Рязанро ба масъалаи таъсиси корхонаҳои нав, ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ҷалб намуд. Дар ин самт бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Рязан бо тақвият бахшидани фаъолият аз имконоти мавҷуда истифода мекунанд.

Ҳамзамон, зарфиятҳои вилояти Суғд муаррифӣ гардида, пешниҳод дар самти аз худ намудани заминҳо ва бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои типи нав, ташкили корхонаҳои коркарди мева, пахта ва истеҳсоли матоъ аз пахта, корхонаи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, корхонаи истеҳсоли доруворӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба миён гузошта шуд. 

Дар навбати худ, Юля Швакова муовини раиси вилояти Рязан иброз дошт, ки ҳадаф аз сафарашон ба вилояти Суғд пеш аз ҳама густариши ҳамкориҳо, шиносоӣ бо зарфиятҳои мавҷуда ва дарёфти шарикон дар самту соҳаҳои мухталиф мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин дидору мулоқот ва гуфтушунидҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои нав, ки метавонад ба нафъи ҷонибҳо бошад, мусоидат намояд. 

Дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҳайати расмии вилояти Рязани Русия аз корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мулоқот хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир Русия дар садри шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.  Дар нимсолаи аввали соли 2024 Русия дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 714 миллион доллар мақоми аввалро касб кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед