Ru  | Tj
Таэквондокорони тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Чин мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таэквондокорони тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Чин мераванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Таэквондокорони тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Чин мераванд

Нашр шуд

Рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таэквондо дар қораи Осиё баргузор мегардад.

Федеросиюни таэквондо WT-и Тоҷикистон ҳайати Тоҷикистонро иборат аз 3 варзишкор – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Моҳрӯ Ҳалимова (-67кг) ва Мунира Абдусаломова (+67кг) ба Чин фиристод.

Гуфта мешавад, ки варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн миёни мардҳо, 4 вазн миёни бонувон – барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 талош мекунанд. Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад. Яъне варзишгароне, ки ба даври ниҳоӣ мерасанд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон се роҳхати олимпӣ дорад, ки ҳамагӣ дар риштаи муштзанӣ аст.

Бояд гуфт, ахиран муштзани шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг  дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Итолиё, роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024-ро ба даст овард.

Ҳамин тавр феълан варзишгарони Тоҷикистон се роҳхати олимпӣ доранд, ки  онро муштзанҳо Миҷгона Самадова (57 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ба даст оварданд.

Дар баробари ин бояд таъкид кард, агар ҷудокорони тоҷик мавқеъашонро дар радабандии ҷаҳонӣ нигоҳ доранд, метавонанд соҳиби 7 роҳхати олимпӣ аз риштаи ҷудо шаванд.

Қобили зикр аст, ки муҳимтарин мусобиқаи варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед