Ru  | Tj
Тасдиқи фармонҳои Президент аз ҷониби вакилон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тасдиқи фармонҳои Президент аз ҷониби вакилон
Расм аз Sputnik

Тасдиқи фармонҳои Президент аз ҷониби вакилон

Нашр шуд

Вакилони палатаи поёнии Тоҷикистон дар нишасти имрӯза таъйинотҳо дар бораи муовинони нави раиси Бонки миллӣ Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода, муовини вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзодаро тасдиқ намуданд.

Ба ғайр аз ин парлумони Тоҷикистон баъд аз ба имзо расонидани Созишнома бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар моҳи ноябр (бахши Бонки ҷаҳонӣ) оид ба бурс дар ҳаҷми $10 млн. ва созишнома оиди Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти геофазоӣ ба манфиати қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ низ тасдиқ намуд.

Тибқи лоиҳаи 3 сола бурси ҷудо шуда ба ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвоз барои беҳтар намудани сифати хизматрасоннии тиббию санитарӣ равона мешавад.

Дастури Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани парвозҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед