Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони рус ба Тоҷикистон афзудааст
Нашр шуд
Ҷаҳонгардон аз Русия барои сафару саёҳат беш аз пеш Тоҷикистонро интихоб карда, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ шумораашон 30% зиёд шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Камолиддини Муминзод изҳор дошт.
«Имсол аз Русия 83790 нафар ва дар ҳамин давраи соли гузашта 64393 нафарро қабул кардем», - тавзеҳ дод Муминзод.
Гуфта мешавад, ки ҷаҳонгардон аз Русия асосан ба сайругашти куҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ин кишвар беш аз 580 ҳазор сайёҳ боздид кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 93 ҳазор зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Камолиддин Муминзод, имсол ба Тоҷикистон аз 129 давлати ҷаҳон сайёҳон омадаанд.
Ба қатори панҷгонаи аввал аз рӯи шумора, сайёҳон аз Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Афғонистон дохил гардиданд.
Гуфта мешавад, ки сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон бештар ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва куҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки айни замон дар Тоҷикистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Аз он 101 ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, 46 ширкат дар вилояти Суғд, 41 ширкати сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 17 ширкат дар вилояти Хатлон ва 9 ширкати сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мебарад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед