Ru  | Tj
"То 30 рӯз". Муҳлати будубоши шаҳрвандони Узбекистон дар Қазоқистон тамдид мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"То 30 рӯз". Муҳлати будубоши шаҳрвандони Узбекистон дар Қазоқистон тамдид мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

"То 30 рӯз". Муҳлати будубоши шаҳрвандони Узбекистон дар Қазоқистон тамдид мешавад

Нашр шуд

Сенати Қазоқистон лоиҳаи қонуни тағйирот ба созишнома миёни Қазоқистон ва Узбекистон дар бораи шартҳои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандонро тасвиб кард. Дар ин бора хабаргузории  "Kazinform" иттилоъ дод.

Санади изофӣ дар бораи тағйирот ба созишномаи байниҳукуматӣ миёни Қазоқистон ва Узбекистон моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд имзо шуда буд.

Ҳадафи ин санад фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи равобити дӯстона байни ду давлат, танзими сафари шаҳрвандон ва будубоши онҳо дар қаламрави ду кишвар гуфта мешавад.

Тибқи ин санад тартиби содаи будубоши шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон дар қаламрави якдигар ба муҳлати 30 рӯз бидуни сабт дар мақомоти салоҳиятдор пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр ҳарду давлат муҳлати будубоши мутақобилаи шаҳрвандони худро дар қаламрави якдигар бидуни сабти муваққатӣ аз 5 то 30 рӯзи тақвимӣ зиёд карданд.

Ҳамзамон тибқи ин санад будубоши шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон дар қаламрави якдигар бидуни сабти муваққатӣ дар муддати 180 рӯзи тақвимӣ набояд аз 90 рӯз бештар бошад. 

Тибқи омори расмӣ аз аввали соли равон 1 милёну 730 ҳазор нафар шаҳрванди Узбекистон вориди Қазоқистон шуда, 982 ҳазор нафар хориҷ шудаанд.

Бояд гуфт, ки аз рӯйи натиҷаҳои ду моҳи соли равон Қазоқистон ба сегонаи шарикони асосии тиҷорати хориҷии Узбекистон шомил буда, дар ин муддат мубодилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар аз 500 милён долар гузашт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед