Ru  | Tj
Тоҷикистон ба маблағи қариб 1 млрд сомонӣ орд истеҳсол ва ворид кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ба маблағи қариб 1 млрд сомонӣ орд истеҳсол ва ворид кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ба маблағи қариб 1 млрд сомонӣ орд истеҳсол ва ворид кардааст

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор тонна орд тавлид шудааст. Инчунин дар ин муддат Тоҷикистон воридоти ордро низ ба таври назаррас афзоиш додааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Авасто", дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон 263,7 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат соли гузашта 28,7 ҳазор тонна ё худ 12,2 дарсад зиёд мебошад.

Арзиши умумии орди истеҳсолшуда 850,2 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин бора Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон аз хориҷа низ дар ин муддат афзоиш ёфтааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ нисбат ба соли гузашта 17305,1 тонна ё худ 81,7 дарсад бештар орд ворид кардааст.
Тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон 38 ҳазору 485,8 тонна орд бо арзиши умумии 12 млн 152,8 ҳазор доллар ворид шудааст. Нархи миёнаи як тонна орди воридотӣ 316 долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 19 доллар камтар шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар бозори воридоти орд ба Тоҷикистон 28 ширкат фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад.

 Аз ҳаҷми умумии орди воридотӣ 80,68% ба Қазоқистон, 19,05% аз Русия ва 0,27% аз Ӯзбекистон рост меояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед