Ru  | Tj
Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёти барқиро аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёти барқиро аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кард
Акс: ASIA-Plus

Тоҷикистон воридоти воситаҳои нақлиёти барқиро аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кард

Нашр шуд

Ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Тавре Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат хабар медиҳад, рӯзи 14-уми марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба баррасӣ кашида шудааст.

Таъкид гардидааст, ки мувофиқ ба лоиҳаи қонуни воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон, ба мисоли электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ба мӯҳлати то 10 сол пурра аз пардохти андоз ва боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.

Дар ҷаласа шарҳ ёфтааст, ки сабукиҳо барои ворид намудани ин гуна нақлиётҳо ба ҳудуди кишвар ба он мақсад пешбинӣ гардидаанд, то иқтисоди сабз истифода ва манбаъҳои дигари эанергияи барқароршаванда самаранок истифода шаванд ва инчунин вазъи экологии Тоҷикистон беҳтар гардад.

Қобили қайд аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми декабри соли 2022 ҳангоми ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ (мошинҳои барқӣ, автобусҳо ва троллейбусҳои электрикӣ) аз пардохти андоз ва гумрук комилан озод карда шаванд.


Хизаматрасониҳои электронӣ ба андозсупорӣ уҳдадор мешаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед