Ru  | Tj
Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳанд Ҷоми Осиёро дар соли 2035 мизбонӣ кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳанд Ҷоми Осиёро дар соли 2035 мизбонӣ кунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳанд Ҷоми Осиёро дар соли 2035 мизбонӣ кунанд

Нашр шуд

Се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ният доранд, ки барои дар соли 2035 баргузор намудани Ҷоми футболи Осиё дархости муштарак пешниҳод кунанд.

Мусобиқаи асосӣ барои мунтахабҳои футболи қораи Осиё зери раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор мешавад.

Дар ин бора сомонаи varzishtv.tj бо такя ба Алишер Никимбоев, коршиноси соҳаи варзиш аз Ӯзбекистон хабар додааст.

Никимбоев дар посух ба саволи корбарон дар Telegram-канали худ «Футболиум» дар бораи аз ҷониби се кишвари ҳамсоя муштарак пазироӣ кардани мусобиқаи Ҷоми Осиё, чунин гуфт: «Ман ҳақ надорам расман гап занам. Аммо, то ҷое ки огаҳам, маҳз ҳамин тавр дар соли 2035 ба нақша гирифта шудааст. Ва КФО ҳам ғайрирасмӣ розӣ аст».

Дар ҳамин ҳол, дар ин матлаб зикр мешавад, ки «барои баргузории мусобиқа ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд: аз ҷумла, дар Бишкек варзишгоҳи нав сохта, кӯҳнаҳояшро таъмир мекунанд, дар Душанбе низ варзишгоҳи нав бунёд шуда истодааст ва дар Хуҷанд ҳам метавонанд онро ба тартиб оранду омода кунанд».

Инчунин зикр мешавад, ки дар Ӯзбекистон якчанд варзишгоҳе мавҷуданд, ки ба талаботи ФИФА ҷавобгӯянд.

Аз сӯи дигар кишварҳои минтақа таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои бузурги байналмилалии футбол доранд. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 20 ва то 23-сола ва дар ҳамроҳӣ бо Қирғизистон нахустин бор Ҷоми калонсолони CAFA дар соли 2023 баргузор шуд.

Қобили зикр аст, ки мизбонони мусобиқа ба таври худкор роҳхат барои иштирок дар Ҷоми Осиёро соҳиб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2023 раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ дар конгресси ин созмон аз нақшаҳои пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории даври финалии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 изҳори назар карда буд.

Он замон зимни суханронӣ Рустами Эмомалӣ изҳор дошта буд, ки минтақа то ҳол ҳеҷ гоҳ дар таърихи худ қисми финалии Ҷоми Осиёро қабул накардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед