Ru  | Tj
Толибон дар Бадахшон як ҷавонро барои мусиқӣ гӯш карданаш тирборон карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон дар Бадахшон як ҷавонро барои мусиқӣ гӯш карданаш тирборон карданд
Акс: Anadolu Agency

Толибон дар Бадахшон як ҷавонро барои мусиқӣ гӯш карданаш тирборон карданд

Нашр шуд

 Манобеъ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ки Толибон як ҷавони 19-соларо барои мусиқӣ гӯш карданаш паррондаанд.

 Манобеъ ба рӯзномаи “8-Субҳ” гуфтаанд, ки ин ҳодиса рӯзи сешанбеи 17-уми ақраб (13-уми ноябр) дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух додааст.

 Ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошта ва ҳамин сол мактабро хатм намудааст.

  Ба гуфтаи манобеъ, Толибон нахуст телефони мобилии ӯро талаб кардаанд ва пас аз пай бурдан, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро лату кӯб карда ва сипас парронидаанд.

 Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони шаҳри Файзобод ҷон додааст.

 Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

 Илова бар ин, Толибон дар бархе аз вилоятҳо риштарошӣ ва тарошидани мӯ ба тарзи ғарбиро манъ кардаанд.

 Қобили зикр аст, ки Толибон дар Бадахшон ва як қатор вилоятҳои кишвар гӯшу навохтани мусиқиро мамнӯъ эълон карда, афроде, ки мусиқӣ гӯш мекунанд ва ё менавозанд, таъқиб мекунанд.


Нерӯҳои низомии ОМҲ бори нахуст дар тамринҳои нерӯҳои вижаи СПАД "Кобалт" дар Тоҷикистон иштирок мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед