Ru  | Tj
Толибон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар ДИИШ дар Кобул боздошт кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар ДИИШ дар Кобул боздошт кардаанд
Акс: Интернет

Толибон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар ДИИШ дар Кобул боздошт кардаанд

Нашр шуд

Дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кобул як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи Толибон* ба ДИИШ (ҳаракати террористии - Давлати исломии Ироқу Шом) пайвастааст, боздошт шудааст.

Вазорати дохилии Толибон мегӯяд, дар маҳаллаи 15-уми амниятии Кобул як нафаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва узви гурӯҳи ДИИШ аст, боздошт шудааст.

Ин шахс, ки худро Умед, машҳур ба Аҳмад Фарид муаррифӣ кардааст, дар ҷараёни амалиёти "хона ба хона" аз сӯи Толибон боздошт шудааст.

Умед дар байни чанд Толиби силоҳбадаст иқрор шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва ба Русия, аз онҷо ба Туркия ва аз онҷо ба Эрон сафар карда ва ахиран аз Эрон ба Афғонистон омадааст, то бар зидди Толибон "ҷиҳод" кунад.

Вазорати дохилаи Толибон гуфта, ки ҳангоми кофтукоби “хона ба хона” як фурӯшандаи силоҳ аз маҳаллаи 15-уми амниятии Кобул бо силоҳҳои зиёд боздошт шудааст.

Толибон дар рӯзҳои охир ба кофтукоби “хона ба хона” оғоз кардаанд, ки мардум онро таҷовуз ба хонаи хусусии худ медонанд.

Давлати Тоҷикистон то кунан дар мавриди ин иддаои Толибон, ки гуё шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, вокунише нишон надодааст.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Раҳмон, Путин ва дигар раҳбарони СААД аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед