Ru  | Tj
Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ширкат мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ширкат мекунанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ширкат мекунанд

Нашр шуд

Дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг 9 нафар ҷудокори тоҷик иштирок хоҳад кард.
 
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз 20 то 23-юми апрел дар Ҳонконг баргузор мешавад, мушаххас шуд. Дар ин бора вебгоҳи varzishtv.tj хабар дод.
 
Ба иттилоъи ин манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 ҷудокор Аҳлия Муминова (-52 кг), Меҳрзод Суфиев (- 60 кг), Обид Ҷебов (- 66 кг), Беҳруз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Шодмон Ризоев (ҳарду - 90 кг), Ҷахонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
 
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ин рӯзҳо ба Қаҳрамонии ҷудои Осиё омодагӣ мегирад. Ҷудокорони Тоҷикистон иборат аз 50 нафар дар ҷамъомадҳои омӯзишии байнулмилалӣ дар Анталия ширкат доранд.
 
Тамринҳои дастҷамъона бо ширкати паҳлавонони беш аз 40 кишвари ҷаҳон то 10-уми апрел идома хоҳад кард. Тамринот дар Анталия барои ҷудокорони тоҷик марҳалаи ниҳоии омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ва мусобиқаи Grand Slam дар Душанбе (3-5 май) мебошад.
 
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилоъи Федеросиюни байнулмилалии ҷудо дар мусобиқаи мазкур 276 ҷудокор аз 36 кишвари дунё иштирок мекунанд ва бар ҳар як ғолиб дар радабандии ҷаҳонӣ 700 имтиёз, финолист 490 имтиёз ва барандаи медали биринҷӣ 350 имтиёз дода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед