Ru  | Tj
Ҳудуди 35 ҳазор тоҷикистонӣ барои табобат ба Узбекистон рафтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳудуди 35 ҳазор тоҷикистонӣ барои табобат ба Узбекистон рафтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳудуди 35 ҳазор тоҷикистонӣ барои табобат ба Узбекистон рафтанд

Нашр шуд

Дар феҳрасти сайёҳоне, ки ба Узбекистон барои дарёфти кумаки тиббӣ сафар кардаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор доранд.

Тибқи иттилои расмии Ожонси омори Узбекистон, дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 7,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафи таҳсил вориди ин кишвар шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 2240 нафар аз Ҳиндустон омадаанд, дар ҷои дуюм шаҳрвандони Туркманистон – 1937 нафар қарор доранд.

Дар ин миён Тоҷикистон аз рӯи шумораи шаҳрвандоне, ки бо мақсади таҳсил ворид шудаанд, дар ҷои сеюм аст. Дар ин муддат аз Тоҷикистон 950 нафар ба Узбекистан барои таҳсил рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон дар феҳристи шаҳрвандони хориҷие, ки барои табобат ба кишвари ҳамсоя ворид шудаанд, пешсафанд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар 5 моҳи соли ҷорӣ 46,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади табобат ба Узбекистон рафтаанд. Аз ин шумор 34 ҳазору 976 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар баробари ин дар феҳрасти сайёҳон низ тоҷикон дар ҷои аввал қарор доранд. Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 2 млн 837,4 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ ба Узбекистон ворид шудаанд, ки 871,5 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед