Ru  | Tj
Ушаков: Раҳбарони ИДМ рӯзи 8-уми май барои зиёфати дӯстона ҷамъ меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ушаков: Раҳбарони ИДМ рӯзи 8-уми май барои зиёфати дӯстона ҷамъ меоянд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон

Ушаков: Раҳбарони ИДМ рӯзи 8-уми май барои зиёфати дӯстона ҷамъ меоянд

Нашр шуд

Ёвари раисҷумҳури Русия гуфт, ки пас аз гузашти низомӣ дар рӯзи 9-уми май ва гузоштани гул ба оромгоҳи "Сарбози гумном" роҳбарони кишварҳои ИДМ Маскавро тарк мекунанд.

Сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми май вориди Маскав мешаванд ва дар зиёфати дӯстона, ки Русия ташкил кардааст, ширкат мекунанд. Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ушаков гуфт, ки баъд аз нишаст сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯзи 8-уми май ба ширкаткунандагони ин ҷаласа раҳбарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон, инчунин раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон низ ҳамроҳ хоҳанд шуд.

"Дар ин нишаст, ки дар чорчӯби ИДМ баргузор мешавад, раисҷумҳури Куба низ, ки қаблан ба ҳайси нозир дар ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳузур хоҳад дошт, ширкат мекунад. Пас аз гузашти низомӣ рӯзи 9-уми май ва гузоштани гул ба оромгоҳи "Сарбози гумном" дар Маскав, роҳбарони кишварҳои ИДМ Маскавро тарк мекунанд”,- афзуд Ушаков.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 2-юми май Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни сӯҳбати телефонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, то дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 9-уми май дар Майдони Сурхи Маскав гузашти низомӣ барои таҷлил аз 79-умин солгарди ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед