Ru  | Tj
Узбекистон дар нимсолаи аввал воридоти газро 2,2 баробар афзоиш додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон дар нимсолаи аввал воридоти газро 2,2 баробар афзоиш додааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Узбекистон дар нимсолаи аввал воридоти газро 2,2 баробар афзоиш додааст

Нашр шуд

Воридоти газ ба Узбекистон дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 5,2 миллиард метри мукаабро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2,2 маротиба зиёд аст.

Дар ин бора муовини аввали раиси Кумитаи андози Узбекистон, Мубин Мирзоев дар ҷаласаи парлумон хабар дод, навиштааст gazeta.uz.

 «Агар дар шаш моҳи соли 2023 мо 2,3 миллиард метри мукааб газ ворид карда бошем, пас дар нимсолаи аввали соли 2024 мо 5,2 миллиард метри мукааб газ ворид кардем, ки ин 2,2 баробар зиёд аст», - гуфт Мирзоев.

Ба гуфтаи ин нашрия, истихроҷи газ дар Узбекистон дар нимсолаи аввал 13,7 миллиард метри мукаабро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 1,4 миллиард метри мукааб камтар аст.

Нашрия бо истинод ба Агентии омори Узбекистон ҳамчунин хабар дод, ки воридоти газ ба ин кишвар дар нимсолаи аввал аз 809 миллион доллар гузаштааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли гузашта 4 маротиба бештар аст.

Ёдовар мешавем, ки аз октябри соли 2023 Узбекистон аз Русия тавассути қаламрави Қазоқистон газ ворид мекунад. Моҳи июни соли 2023 Узбекистон бо ширкати «Газпром» шартномаи дусолаи хариди газро ба имзо расонд, ки интиқоли солонаи қариб 2,8 миллиард метри мукааб газро пешбинӣ мекунад. Интиқоли газ 7 октябри соли 2023 оғоз ёфт.

Ҳамзамон, ширкати «Газпром» нақша дорад, ки то 1 ноябри соли 2025 интиқоли бештари газ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Марказро оғоз намуда, бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон қарордоди миёнамуҳлати понздаҳсола ба имзо расонад.

Бояд гуфт, моҳи феврали соли 2024 эълон шуд, ки ҳукумати Узбекистон ният дорад шабакаи асосии газ дар ин кишварро таҷдид карда, воридоти газ аз Русияро 3,5 баробар афзоиш диҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед