Ru  | Tj
Вазири тоҷик дар Маскав: Бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати Русия низ ҳаст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири тоҷик дар Маскав: Бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати Русия низ ҳаст
Акс: ASIA Plus

Вазири тоҷик дар Маскав: Бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати Русия низ ҳаст

Нашр шуд

Шералӣ Кабир дар Маскав таъкид намуд, ки пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо ба манфиати кишварҳои минтақа, балки ба нафъи Русия ҳам ҳаст.

Ба гузориши Sputnik, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз дар ҳошияи Анҷумани дуюми Авруосиё дар Маскав дар бобати аҳамияти нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ибрози назар намуда, гуфт, ки бунёди ин иншоот барои Русия низ манфиат дорад.

Шералӣ Кабир тавзеҳ дод, ки “Роғун” кишварҳои минтақаро бо об таъмин мекунад ва заминҳои нав обёрӣ мешаванд, ки аз ҳисоби онҳо бозори Русия соҳиби маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.

Вазири тоҷик бо ишора ба зарфияти гидроэнергетикии кишвар баён дошт, ки Тоҷикистон чаҳор фисади имконоти тавлиди энержии сабз дар ҷаҳонро дорад ва ин барои рушди кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад,

Шералӣ Кабир дар идома афзуд, ки Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 5 фисади зарфияти гироэнергетикии худро истифода мебарад.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки новобаста аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон корҳои бунёди хати интиқоли CASA-1000 идома меёбанд ва ин тарҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон муфид аст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон айни замон 98 дарсади барқи тавлидшаванда аз нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ ҳосил мешавад ва кишвари мо аз лиҳози истифодаи “нерӯи сабз” дар ҷаҳон дар зинаи шашум аст.

Гуфта мешавад, ки пас аз пурра ба баҳрабардорӣ расидани “Роғун” бо зарфияти 3600 мегаватт Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои тавлидкунандаи “нерӯи сабз” боз ду зинаи дигар боло мебарояд.

Бар пояи иттилои расмӣ, Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аз буҷаи давлатӣ 2,1 миллиард сомонӣ ихтисос додааст.

Қаблан намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков гуфта буд, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун кӯмак кунад.


Расулзода талаб намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” тезонида шавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед