Ru  | Tj
Расулзода талаб намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” тезонида шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Расулзода талаб намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” тезонида шавад
Акс: АМИТ "Ховар"

Расулзода талаб намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” тезонида шавад

Нашр шуд

Айни замон қариб 11 ҳазор нафар коргар ва 3 ҳазору 181 техникаву механизми муосир ба таври шабонарӯзӣ машғули бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳастанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки 2-юми сентябр Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ошно гардид.  

Гуфта мешавад, ки зимни шиносоӣ бо раванди бунёди ин иншооти азим ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки то ин давра зиёда аз 4 млн. 614 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ, 189 094 метр гузоштани анкерҳои ПНА ва АЖГ ва 198 226 метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Ҳамчунин ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ бо дарназардошти нақбҳои дастрасӣ 631 201 метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 108 363 метри мукааб, гузоштани анкерҳои АЖГ 26 041 метр, корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 21 037 метр ва сементасияи пуркунанда 52 171 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Корҳои васлу насби оҳанфулузот дар қисми камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосӣ идома дошта, дар ҳаҷми 550 тонна оҳанфулузот васлу насб гардидааст.

Расулзода пас аз боздид аз ҷараёни корҳо дар ҷаласаи вижаи Ситоди бунёди Роғун бобати тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоридани агрегатҳои дигари ин неругоҳ аз масъулон ва шарикони рушд амалисозии нақшаҳои зарурию саривақтиро талаб намуд.

Манбаъ меафзояд, ки  Сарвазир инчунин ба муносибати сӣ солагии Истиқлол аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супоридааст.

То имрӯз ду агрегати ин нерӯгоҳи бузург, ки онро дар Тоҷикистон “Кохи нур” ва “Иншооти аср” низ меноманд, ба баҳрабардорӣ расидааст. “Роғун” бузургтарин тарҳи гирдоэнергетикӣ дар Осиёи Миёна аст ва пурра ба кор даромадани он Тоҷикистонро ба кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи арзони барқ дар минтақа табдил медиҳад.



Ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар бобати рушди захираҳои инсонӣ имзо шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед