Ru  | Tj
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон вомехӯранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон вомехӯранд
Акс: Anadolu Agency

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон вомехӯранд

Нашр шуд

Мулоқоти рӯ ба рӯйи вазирон як рӯз давом хоҳад кард.

Ба гузориши "ТАСС", нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон рӯзи 27-уми октябр ба нақша гирифта шуда, он дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мегардад. 

Ба иттилои манбаъ, дар нишасти марҳилаи аввал, ки моҳи гузашта дар формати онлайнӣ баргузор гардида буд, шаш кишвар талоши хешро ба он равона сохтанд, ки чӣ гуна ба ҳукумати фарогир (дар Афғонистон) бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ кӯмак расонанд. 

Гуфта мешавад, ки нишасти банақшагирифташуда идомаи вохӯрии марҳилаи аввал мебошад.

Рӯзи 8-уми сентябр ҷаласаи маҷозӣ оид ба вазъи Афғонистон сурат гирифта буд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок варзида буданд, 

Рӯзи 16-уми сентябр дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълом намуд, ки нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон баргузор мегардад.

Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон масъалаи амнияти сарҳадро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед