Ru  | Tj
Вазорати корҳои дохилӣ марги кормандони созмони ҷамъиятии “Барги сабз”-ро таъйид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ марги кормандони созмони ҷамъиятии “Барги сабз”-ро таъйид кард
Акс: pressa.tj

Вазорати корҳои дохилӣ марги кормандони созмони ҷамъиятии “Барги сабз”-ро таъйид кард

Нашр шуд

Дар асари як тасодуфи ронандагӣ дар ноҳияи Дарвоз рӯзи 14-уми март чор нафар корманди созмони ҷамъиятии “Барги сабз” ба ҳалокат расиданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14-уми март тахминан соати 12:30 дақиқа дар 308-умин километри шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма», байни деҳаҳои Хостав ва Жаки ноҳияи Дарвоз ронандаи худрави “Тайота-Ландкрузер” аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши боркаши тамғаи “Шакман” бархӯрдааст.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар натиҷаи ин тасодуфи ронандагӣ ронандаи худрави "Тайота-Ландкрузер” Убайдуллоҳ Абдулмуминов, сокини ноҳияи Данғара ва мусофирони он Муяссар Алиназаров - сокини шаҳри Хоруғ, Диловар Тағаймуродов, сокини шаҳри Душанбе ва Имомназар Музаффаршоев, сокини ноҳияи Шуғнон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари худрави мазкур  Ҷонибек Ҷумъаев, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногун ба саломатиаш бардошта, дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар робита ба ин қазия таҳқиқот идома дорад.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки ҳалокшудагон дар тасодуфи ронандагӣ дар ноҳияи Дарвоз корманди созмони ҷамъиятии “Барги сабз” ҳастанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати таробарӣ (нақлиёт)-и Тоҷикистон соли гузашта дар роҳҳои мошингарди ин кишвар 294 тасодуфи ронандагӣ рух дода, 223 нафар ҳалок ва 296 тани дигар маҷруҳ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед