Ru  | Tj
Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи сӯхтори маргбор дар Душанберо шарҳ дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи сӯхтори маргбор дар Душанберо шарҳ дод
Акс: Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи сӯхтори маргбор дар Душанберо шарҳ дод

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтори маргбор дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки боиси ҳалокати се кӯдак шуд, тавзеҳ дод.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, рӯзи 2-юми март соати 13:02 дар гузаргоҳи 2-юми кӯчаи Хайрулло Мирзо, хонаи 41, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Таъкид мешавад, ки хадамоти оташнишонӣ ба маҳалли ҳодиса фавран ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш карданд.

Таъкид мешавад, мутаассифона дар натиҷаи ҳодисаи мазкур аз сабаби бе назорат гузоштани ноболиғон Абдурасули чорсола, Зуҳрои сесола ва Зайнаб Ухоқоваи яксола дар дохили хона аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилоъи Вазорати корҳои дохилӣ, сабаби ҳодисаи мазкур тибқи таҳқиқоти пешакии ҷойи ҳодиса таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) будааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки шаби 28-уми феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як хонаводаи шашнафара, падару модар ва чор фарзанди ноболиғашашон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта дар ин кишвар 1236 ҳодисаи сӯхтор рух дода, дар натиҷаи он 23 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед