Ru  | Tj
Дабири кулли КМО-и Тоҷикистон ордени Шӯрои олимпии Осиёро соҳиб гашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли КМО-и Тоҷикистон ордени Шӯрои олимпии Осиёро соҳиб гашт
Акс: ASIA-Plus

Дабири кулли КМО-и Тоҷикистон ордени Шӯрои олимпии Осиёро соҳиб гашт

Нашр шуд

Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 21- уми ноябр дар шаҳри Дубай баргузор гардид.

Ба иттилои "Азия-плюс", дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Муҳаммадшо Абдуллозода аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё бо ордени «Шараф» мукофотонида шуд.

Ба зикри манбаъ, Абдуллозода орденро "барои хидматҳои бебаҳо дар рушди варзиш" гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар баробари намояндаи Тоҷикистон, инчунин собиқ раиси Кумитаи миллии олимпии Лубнон Суҳайл Хурӣ ва раиси Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шреста низ сазовори гирифтани ордени "Шараф" гардидаанд.

Муҳаммадшо Абдуллозода фаъолияти меҳнатиашро дар КМОТ (1993-1998) ба ҳайси тарҷумон оғоз намуда, солҳои 1998-2003 мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ, 2003-2005 иҷрокунандаи вазифаи котиби генералӣ, 2005-2009 директори генералии кумита кор кардааст.

26 -уми январи соли 2017 дар Ассамблеяи генералии КМОТ бо пешниҳоди раиси ин кумита Эмомалӣ Раҳмон Абдуллозода дабири кулли Кумитаи олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.


Ба тариқи маҷозӣ. Соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон конфронс баргузор менамоянд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед