Ru  | Tj
Вокуниши Тоҷикистон: Баҳогузории ИМА оиди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон “мунсифона” нест

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вокуниши Тоҷикистон: Баҳогузории ИМА оиди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон “мунсифона” нест
Акс: Интернет

Вокуниши Тоҷикистон: Баҳогузории ИМА оиди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон “мунсифона” нест

Нашр шуд

Чанде қабл Вазорати хориҷаи ИМА дар гузориши расмии худ оид ба озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар силсилаи Чин, Русия, Туркманистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва ғайра дар феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии вижа” аз назари озодиҳои динӣ ҷой додааст.

Хабаргузории расмии “Ховар” бо нақл аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар робита ба ин гузориш хабар додааст, ки ба бовари ин гузориши вазорати хориҷаи ИМА баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест.

Онҳо ба нақл аз масъулини кумитаи дини Тоҷикистон овардаанд: “Мо борҳо дар мавриди чунин арзёбиҳо мавқеи худро баён кардаем ва такроран баён медорем: ин гуна баҳогузорӣ чандон мунсифона ба назар намерасад ва он баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест».

Ҳамчунон, зикр шудааст ки кумитаи дини ҶТ ба хотири рафъи ин сӯитафоҳум ҳоло Кумита гузоришгарони вижаи СММ дар умури динро расман ба Тоҷикистон даъват намудааст, то бо ҳузури онҳо ба вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии шаҳрвандон баҳои воқеӣ дода шавад.


Духтарони навҷавони футболбози афғон бо кӯмаки Ким Кардашян ба Англия расиданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед