Ru  | Tj
Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон кам ва нархаш гарон шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон кам ва нархаш гарон шудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон кам ва нархаш гарон шудааст

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон воридоти гази моеъ коҳиш ёфт, аммо қимати он дар кишварҳои содиркунанда баръакс зиёд шуд. Дар ин муддат Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 133 миллион доллар гази моеъ аз хориҷа харидааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 195,45 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 133 миллиону 100 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид шуд.

Гуфта мешавад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳазору 300 тонна кам буда, аммо нархи миёнаи воридоти он нисбат ба 2023 ба ҳисоби миёна 278 доллар ё 69 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, 94,2 дарсади гази моеъ ба ин кишвар аз Қазоқистон, 4,2 дарсад аз Русия ва 1,6 дарсад аз Узбекистон ворид мешавад.

Гуфта мешавад, ки айни замон 14 ширкат ба воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон машғул ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳи охир қимати гази моеъ дар бозори Тоҷикистон якбора афзоиш ёфта, аз 5.8 сомонӣ барои як литр то ба 7 сомонӣ боло рафт.

Гуфтанист, тибқи омори расмӣ ба Тоҷикистон дар соли гузашта 410,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед