Ru  | Tj
Воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфт

Нашр шуд

Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи наздики 80 млн доллар худравҳои барқӣ харидааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 5266 худрави барқӣ ворид шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, худравҳои барқӣ 27% аз шумораи умумии худравҳои воридшуда ба Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки арзиши худравҳои барқии ба Тоҷикистон дар ин муддат воридшуда 76,4 млн доллар аст, ки ин 26,7% аз шумораи умумии худравҳои дохилшударо ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки соли 2023 ба Тоҷикистон 3 ҳазору 316 нақлиёти барқӣ ба мабалғи умумии 59 млн доллар ворид шуда буд.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори шаҳрдории Душанбе аз 1-уми сентябри соли 2025 ширкатҳои мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон бояд пурра ба нақлиёти барқӣ гузаранд.

Тибқи омори расмӣ, дар умум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 19 ҳазору 742 воситаи нақлиёт ворид гардид. Зикр мешавад, ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта 58% камтар аст.

Арзиши худравҳои воридшуда ба Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 164 млн доллар баробар аст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин кишвар ворид намудани худравҳои соли истеҳсолашон то 2013 манъ карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед