Ru  | Tj
Вуруд ба Тоҷикистон тавассути “дарвозаҳои электронӣ” иҷозат дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вуруд ба Тоҷикистон тавассути “дарвозаҳои электронӣ” иҷозат дода мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Вуруд ба Тоҷикистон тавассути “дарвозаҳои электронӣ” иҷозат дода мешавад

Нашр шуд

Дар сурати ворид шудан бо истифода аз чунин низом, дар санадҳое, ки ҳуқуқи убури сарҳади давлатиро медиҳанд, муҳр зада намешавад.

Дар Тоҷикистон истифода аз низоми “дарвозаи электронӣ”, ки имкон медиҳад вуруд ба ин кишвар тавассути худкор анҷом шавад, иҷозат дода шуд.  Дар ин бора ба қонун «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти лозима ворид карда шуд.

Дар сандаи мазкур, ки дар пойгоҳи ахбори ҳуқуқии Тоҷикистон нашр шудааст, зикр мешавад, ки акнун «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, ки тавассути "дарвозахои электронӣ” аз назорати сарҳадӣ гузаранд.

Дар санад ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати ворид шудан бо истифода аз чунин низом, "дар асноде, ки ҳуқуқи убури сарҳади давлатиро медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузошта намешавад".

Ин қонунро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо карда ва пас аз интишори расмӣ он эътибори қонунӣ пайдо кард.

Дар қонун зикр мегардад, ки тартиби убури сарҳад аз «дарвозаҳои электронӣ»  бояд аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои вуруди худкор насб шудаанд, аммо ин корро марзбонон анҷом медиҳанд ва дар шиносномаҳои ҳамаи воридшудагон мӯҳри гузаргоҳи марзӣ гузошта мешавад.

Гуфтанист, низоми худкори назорати шиносномаҳо маҷмуи таҷҳизоти техникӣ аст, ки дар гузаргоҳи сарҳади давлатӣ насб шуда, бе иштироки бевоситаи инсон амал мекунад.

Ин низоми кор санҷиши асноди шахсони воридшаванда ва муайян кардани шахсияти шаҳрвандро бо истифода аз маҷмӯи нишондодҳои биометрӣ дар як муддати кӯтоҳ анҷом медиҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед