Ru  | Tj
Ягона намояндаи Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Токио соҳиби медал шуда натавонист

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ягона намояндаи Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Токио соҳиби медал шуда натавонист
Акс: ASIA-Plus

Ягона намояндаи Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Токио соҳиби медал шуда натавонист

Нашр шуд

Намояндаи Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Токио-2020 Акмал Қодиров муваффақ шуда натавонист.

Ба гузориши Halva, варзишгари тоҷик Акмал Қодиров ки дар равияи гулӯлапартоӣ ба майдон баромад, бо натиҷаи 8.44 зинаи 9-умро касб кард ва соҳиби медал шуда натавонист.

Агарчи дар ин мусобиқаи бонуфуз Акмал Қодиров аз рӯи равияи гулӯлапартоӣ маҳорат нишон дод, ӯ дар асл варзишгари риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ аст ва қаҳрамони сездаҳкаратаи Осиё аз рӯи ин намуди варзиш мебошад.

Дар Бозиҳои XVI паралимпии Токио -2020, ки ки аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор гардиданд, 4400 варзишгар аз 136 кишвари ҷаҳон барои 540 маҷмӯи медалҳо байни ҳам сабқат намуданд.

Аз рӯи шумори медалҳо дар Паралимпиадаи Токио-2020 Чин, Британияи Кабир, ИМА, Русия ва Ҳоланд панҷ мақоми аввалро ба худ ихтисос доданд.

Варзишгарони тоҷик тобистони имсол аз Бозиҳои олимпии Токио низ бе медал баргашта буданд.

Медалҳои нуқраву биринҷии ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсии байналмилалии самбо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед