Ru  | Tj
"Зеҳни сунъӣ" дар Тоҷикистон: дафтари TajRupt дар Душанбе ифтитоҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Зеҳни сунъӣ" дар Тоҷикистон: дафтари TajRupt дар Душанбе ифтитоҳ ёфт
аз саҳифаи фейсбуки "Азия-Плюс" гирифта шудааст

"Зеҳни сунъӣ" дар Тоҷикистон: дафтари TajRupt дар Душанбе ифтитоҳ ёфт

Нашр шуд

TajRupt.AI нахустин озмоишгоҳи таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ буда, асосгузор ва роҳбари он Азизҷон Азимӣ, ҷавони 24-солаи тоҷик мебошад.

Дирӯз дар бинои "Бухоро Палас" маросими кушодашавии дафтари TajRupt баргузор гардид. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба маросими тантанавӣ ташриф оварда, бо барномаҳои ҷадиди TajRupt, ки дар ҳамдастӣ бо "Спитаменбонк" амалӣ мегардад, шинос шуд. Дар маросим қайд гардид, ки зеҳни сунъӣ қудрати мустақилона таҳлил намудани қобилияти адои қарзи қарзгирро дорад.

"Барои пешрафти соҳаи пешгирифтаатон кӯшиш мекунем ба қадри имкон ба шумо мадад расонем. Дар вазорат борҳо пурсон мешуданд, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи ҳукумат дар навбати аввал кадом соҳаҳоро бояд дастгирӣ кунем? Барои муваффақ шудани мо шароит ҳамаҷиҳата муҳайёст ва нахуст академияи зеҳни сунъӣ инро тасдиқ менамояд", - иброз дошт Шералӣ Кабир.

TajRupt ширкати ғайридавлатӣ буда, мақсад дорад бо пешниҳоди дониши васеъ ва технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баҳри рушди ҷавонони кишвар имконияти васеътарро фароҳам оварад.

Ифтитоҳи Маркази тавонбахшии маъюбон дар Душанбе

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед