Ru  | Tj
Зокирзода ва вакилони тоҷик дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ иштирок мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Зокирзода ва вакилони тоҷик дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ иштирок мекунанд
Акс: Большая Азия

Зокирзода ва вакилони тоҷик дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ иштирок мекунанд

Нашр шуд

Маҳмадтоҳир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон дар раъси ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти мунтахаби Эрон ба Теҳрон рафт.

Дар ин бора сухангӯи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дода, афзуд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ Зокирзода ва ҳамраҳони ӯро Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳими Ҷаҳонободӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ҳамчунин, пас аз маросими истиқбол дар бинои фурудгоҳ мулоқоти Маҳмадтоҳир Зокирзода бо Ҷалил Раҳими Ҷаҳонободӣ сурат гирифта, тарафҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории ду кишварро баррасӣ кардаанд.

“Ҳадафи сафари ҳайати мо рушди бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд, инчунин табодули таҷрибаи парлумонӣ мебошад”, - гуфтааст дар ин сӯҳбат Зокирзода.

Маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ имрӯз баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин маросим Эрон ба Президенти Тоҷикистон даъватнома ирсол карда буд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ба далели сафари давлатияш дар Туркманистон натавонист ба Теҳрон биравад.

Маросими савгандёдкунии президент тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед